casino malaysia
casino malaysia
Паёми соли 2021  - самтнамои умедбахши мардуми Тоҷикистон дар рушди илмиву фановарӣ

wrapper

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси олӣ ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро ҳамасола тамоми мардуми кишвар бесаброна интизоранд, 26 январи соли 2021 ироа гардида, он чун анъана, муҳимтарин самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ - сиёсии кишварро фаро гирифтааст. Зикр намудан бамаврид аст, ки Паёми соли ҷорӣ дар шароити хеле мушкил - ташаннуҷ пайдо намудани хавфу хатар ва чолишҳои глобалӣ (пандемия, ифротгарӣ, бӯҳрони иқтисодӣ ва геополитикӣ ва ғ.) сурат гирифта бинобар ин ба таҳлил ва ташреҳи таъсири бевоситаи онҳо ба кишвару халқҳои алоҳида, махсусан ба минтақаи мо-Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон бахшида шуда аст.
    Дар ин Паём яке аз масъалаҳои муҳимтарин – мақом ва мартабаи Тоҷикистон дар пешорӯи ин гуна чолишҳо мавриди муҳокима қарор гирифта шуд. Дар баробари ҳаллу фасли бисёре аз масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ Пешвои миллат аз пешгӯии 12 сол пеш додаашон оид ба солҳои мушкили оянда ва зарурати сарфакоронаву боақлона таҳия ва 
сарф намудани сарфиёти буҷаи оила, захираи ҳатмии ғизо ва ашёи зарурӣ барои ду ва зиёда аз он солҳо барои ҳар як оила ёдовар шуда, дуруст будани роҳи пешгирифтаи кишварро дар самти ояндабинӣ ва муайян кардани авлавиятҳои рушд ва хатарҳои ногаҳонӣ ба онҳо таъкид намуданд. Ин огоҳӣ ва пешниҳоду супоришҳои марбут ба он буд, ки соли гузашта мардуми кишвар ба таври умум дар пешорӯи хавфу хатарҳои гӯшношунид, махсусан пандемияи COVID-19 муқовимат намуда муттаҳид шуда тавонистанд ва чунин омодабошии худро дар ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минбаъда дар амал нишон дода метавонанд.
    Дигар масъалаи муҳиме, ки барои пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии хеле муҳиму мубрам ба назар мерасад, ин рушди инсонӣ, ташаккули тафаккури илмиву техникӣ, ба дараҷаи баланд аз бар намудани технологияҳои навтарини саноатӣ ва маъмурӣ мебошад, ки бе онҳо ҳоло натанҳо ҳаёти муқаррарӣ, балки мавҷудияти кишварҳо таҳти хатар қарор дорад. Ҳоло дар дунё аксари масъалаҳо ба таври маҷозӣ, электронӣ ва онлайн ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар ин маврид Сарвари давлат зарурати дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дидани чораҳои муассирро    ҷиҳати татбиқу истифодаи техника ва технологияҳои муосир таъкид намуда пешниҳод карданд, ки соли ҷорӣ Соли рушди илм эълон шуда зери шиори «Илм чун фуруғи маърифат» шинохта шавад. Ин тадбир дар ҳошияи бистсолаи рушди илм ва техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида бешак, ҷиҳати инкишофи захираҳои инсонӣ дар ин самт, тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ барои соҳаи илм ва техникаву технология, дар ин замина ба таври сазовор устувор намудани бунёди илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва саноативу маърифатӣ ва дар кулл истеҳсолоти ватанӣ хизмат менамояд. Чун мо нақшаҳои бунёди барномаи гузариши мамлакат аз иқтисоди аграриву саноатӣ ба саноативу аграриро дорем, ин ташаббуси хеле замонавӣ ва дархӯри замон ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба шумор меравад. 
    Мавзӯи дигари муҳими Паёми соли 2021 муайан намудани самтҳои рушди иҷтимоии кишвар, махсусан дар соҳаи кор бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус, қишри ҷавони ҷомеа, занон ва оила ба ҳисоб меравад. Ин масъаларо сарвари давлат бо муқоисаи вазъи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои охир баррасӣ намуда, бо далел аз беҳбуди ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маишии занон дар мамлакат, қаноатмандӣ аз дастовардҳои бонувон дар соҳаҳои илму маърифат, соҳибкориву тиҷорат, фарҳангу маънавият таъкид карданд.
     Дар ҳақиқат, имрӯз мо бо ифтихору шарафмандӣ аз натиҷаҳои босамари барномаву стратегияҳои марбут ба дастгириҳои бесобиқаи ҷавонон, занон, ва қисми осебпазири ҷомеа- маъюбон, куҳансолон, иштирокдорони ҷангу ҷабҳаи меҳнат огоҳем, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд таъсири мусбати худро дар ҷомеаи тоҷик ворид намуда истодааст. Ҳоло қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, ҷавонон, занону бонувони тоҷик аз шароити мусоиди бо ғамхориҳои Сарвари давлат фароҳамомада истифода намуда, ба соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, маориф, саноату истеҳсолот ворид гардида барои шукуфоии Тоҷикистони азиз шарафмандона хизмат намуда истодаанд.
    Ҳамин тавр, бо боварии том метавон гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта, пайки ваҳдат ва ҳамбастагӣ, қадамҳои мушаххасу босубот ба сӯи оянда, умеду нишоти миллат аз ояндаи сазовори худ буда тамоми мардуми кишварро бо шукргузорӣ аз амнияту осоиши имрӯза ба созандагиву бунёдкориҳои фардо раҳнамоӣ менамояд. Мушаххасоти Паёми имсола он буд, ки ҳар узви ҷомеа барои бартараф кардани мушкилоти мавҷудаи ҳаёти ҷомеа (бартараф кардани пандемия, мубориза бо ифротгарии сиёсиву мазҳабӣ, бузургталошӣ ва муғамбириву бетарафӣ ва ғ.) аз лаёқатҳои зеҳниву ақлонии худ ва аъзоёни оилаи худ ба таври бояду шояд истифода барад. Муҳим аст, ки аъзоёни ҷомеа имрӯза ҳам аз пештара дида бештар дар ба амал овардани нияту мақсадҳои баланди давлат барои расидан ба рушди устувор ва пойдории адолати иҷтимоӣ, муқовимат намудан ба нуфузи афзоянда, вале фалокатбори гурӯҳҳои махфии трансмилливу баъзе нақшаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ барои ғорат кардани захираҳо бебадали миллии мо саҳми бориз дошта бошанд.  
 
Муҳиба Маҳмадҷонова,
доктори илмҳои фалсафа,
сарходими илмии
ИФСҲ-и АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia